​Таҷлили Рӯзи Мавлоно дар ДДХ

Санаи 29-уми сентябри соли равон дар толори калони раёсати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ маҳфили илмию фарҳангӣ бо иштироки васеи устодону донишҷӯён доир гардид. Маҳфилро бо сухани муқаддимавӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои педагогӣ профессор Хайрулло Сабурӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, Рӯзи Мавлоноро ба ҳозирин муборакбод гуфт. Сипас, устодони донишгоҳ - номзади илмҳои филологӣ Саидумрон Саидов, декани факултети филологияи тоҷик Муҳаббат Тиллохӯҷаева, шоир, доктори илмҳои филологӣ, профессор Нуралӣ Нурзод баромад намуда, доир ба паҳлӯҳои мухталифи эҷодиёт, ҳаёт ва фаъолияти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ суханронӣ намуданд.

Дар қисми дуюми маҳфили илмию фарҳангӣ донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик аз ашъори ин Алломаи бузурги Машриқзамин порчаҳои шеърӣ қироат намуданд. Дар идомаи маҳфил аз ҷониби ҳунармандони ансамбли "Навои ҷавонӣ"- и донишгоҳ суруду таронаҳои дилангез садо доданд.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ