​Таҷлили Рӯзи Ғалаба дар факултетҳои донишгоҳ

Иттилоъ аз ҷараёни чорабиниҳо бахшида ба 77-умин солагрди Рӯзи Ғалаба дар факултет ва кафедраҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.

Дар факултети филологияи тоҷик дар якҷоягӣ бо факултети математика бахшида ба Рӯзи Ғалаба чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони “Худшиноси миллӣ-омили таҳкими давлатдории тоҷикон”баргузоргардид, ки дар он устодон П.Сидиқова, Ф.Ҳошимова, М.Каримова баромад намуда, перомуни худшиносии миллӣ ва марҳилаҳои давлатдории тоҷикон ва аҳми халқи тоҷик дар ҶБВ маълумот доданд.

Чунин тадбир бо ташаббуси кафедраи грамматикаи забони арабӣ ва кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа таҳти унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад” бахшида ба “77-умин солгарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ” дар хобгоҳи № 3 бо иштироки васеи донишҷӯён баргузор гардид. Дар зимн донишҷӯёни курсҳои 2, ихтисосҳои арабӣ-англисӣ ва форсӣ-англисӣ бо ироаи маърӯзаҳо оид ба ҶБВ, қироати шеър ва гуфторҳо бо забонҳои гуногун, суруд бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (гурӯҳӣ ва якка) ва саҳнаи аҳлоқӣ-тарбиявӣ ба намоиш гузоштанд.

Вобаста ба мавзуи мавриди назар дар факултети санъати тасвирӣ ва технология низ чорабинии тарбиявӣ-сиёсӣ таҳти унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нахоҳад шуд” ташкилу баргузор гардид. Дар рафти чорабинӣ аз тарафи донишҷӯён қироати шеър дар васфи Ватану ватандорӣ, сулҳу оромӣ, инчунин рақсу сурудҳо иҷро гардида, ба иштирокчиён рӯҳияи идона бахшид.

Ҳамчунин бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии психология дар мавзуи “За Победу над фашизмом” байни донишҷӯёни факултетҳо филологияи рус ва санъати тасвирӣ викторина доир гардид, ки мавзуи он ҷонфидоиҳои халқи тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 –ро дарбар мегирифт.

Иттилоъ дода шуд, ки бахшида ба Рӯзи ғалаба дар 18 факултети донигоҳ чорабиниҳои тарбиявӣ-ватандӯстӣ ташкилу баргузор гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ