Таҷлили Рӯзи дониш дар донишгоҳ
Санаи 1-уми сентябри дар саросари кишвари азизамон Тоҷикистон дар фазои шукӯҳу идона, бо як ҷаҳон фараҳу шодӣ ва эҳсоси ифтихор аз фарорасии бузургтарин ҷашни таърихи нави давлатдориамон, яъне 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли нави таҳсили 2022-2023 оғоз ёфт. Ба ин муносибат дар саҳни бинои таълимии №2-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Рӯзи дониш таҷлил карда шуд. Ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом кулли устодону донишҷӯёнро ба муносибати Рӯзи дониш табрик гуфта, афзуд, ки боиси сарфарозӣ ва ифтихори аҳли маориф ва илми кишвар аст, ки ҳамасола таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ бо Дарси сулҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад.Гуфта шуд, ки Дарси сулҳ худ баёнгари таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат ба соҳаи маориф ва илм буда, дар заминаи баргузории ин соати фархунда Барномаи ҳидояти аҳли маориф ва илми кишвар барои соли таҳсил муқаррар ва мавриди амал қарор мегирад.

Сипас, Ҳакимҷон Ҳакимзода – намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд номаи табрикотии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи дониш ба самъи иштиродорон расонд.
Ҳамчунин Фирӯза Нуруллозода табрикоти Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро қироат намуд.
Сипас, дар бинои таълимии №2-и донишгоҳ меҳмонон ва устодону муҳассилини донишгоҳ пахши мустақими телевизиони марказиро аз иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷараён гирифт, тамошо намуданд.
Ҳамчунин дар ин рӯз дар толори бинои раёсат ва факултетҳо, толорҳои маҷлис, синфхонаҳои таълимии донишгоҳ донишҷӯёну устодон сарҷамъона ба тамошои мустақими Дарси Сулҳ ва суханронии Пешвои миллат сафарбар гардиданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил