​Таҷлили Рӯзи байналмилалии волонтёрон дар донишгоҳ

Санаи 5-уми декабри соли 2022 бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ дар толори факултети санъат бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони "Волонтёрӣ - шараф аст" бо иштироки муовини ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Мирзотоҳир Набизода, Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода ва волонтёрону ҷавонони фаъоли донишгоҳ доир гардид.

Муовини ректори донишгоҳ оид ба тарбия Мирзотоҳир Набизода дар баромади худ иброз дошт, ки боиси ифтихору фараҳмандист, ки имрӯз нашқи волонтёрон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мақоми бештар пайдо карда, дар татбиқи сиёсати ватандўстонаи Пешвои миллат саҳми боарзиш мегузоранд ва ташаббусҳои созандаро дар мамлакат роҳандозӣ менамоянд. Назару интизориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҷавонон бисёр нек арзёбӣ гардида, барои тақвияти сиёсати давлатӣ дар ин самт, ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии ин қишри аз лиҳози ҷисмонию зеҳнӣ тавонманди ҷомеа ҳамарӯза тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ карда мешавад. Айни замон волонтёрон фаъолияти хешро ба самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа аз ҷумла, пешгирии бемориҳои сироятӣ, тарзи ҳаёти солим, банақшагирии оила, экология, муҳити зист ва ғайра равона месозанд.

Мирзоқосим Каримзода дар баромади худ тамоми ризокоронро табрик гуфта зирк дошт ки таҷлили Рӯзи байналмилалии волонтёрон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол далели таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати Шумо ва фаъолияти содиқонаву фидокоронаатон мебошад. Ҳамзамон, дар чорабинӣ аъзоёни маҳфилҳои "Андеша", "Пайравони Пешвои миллат" суханронӣ намуда, аз дастгириҳои давлату Ҳукумати кишвар, махсусан ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат ёдовар гардиданд.

Сипас, барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардида, як қатор волонтёрон бо сипоснома қадршиносӣ карда шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ