​Таҷлили Иди Ғалаба дар факултети филологияи рус

Ҳамасола бахшида ба Иди Ғалаба – 9-уми май дар донишгоҳ чорабиниҳои гуногун баргузор мешавад, ки ба ин муносибат санаи 5-уми майи соли 2023 дар факултети филологияи рус чорабинии фарҳангӣ ташкил ва баргузор гардид.

Дар оғози чорабинии фарҳангӣ мудири кафедраи забон ва адабиёти рус дотсент, Камолова Муаззама ҳозиринро бо ин Иди Ғалаба самимона табрик намуда, иброз дошт, ки таҷлили ҳамасолаи Иди Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи аҷдодони шӯҳратманд буда, аз ҷониби дигар, тавассути он насли имрӯз аз қаҳрамониҳои ҷанговарон, корномаҳои аҷдоди меҳанпарвари худ бархурдор гардида, дар рӯҳияи садоқат ба Ватан ва анъанаҳои неки падарону бобоёни сарбаландамон тарбия меёбанд.

Сипас, дотсенти кафедраи таърихи адабиёти рус ва хориҷа Шарипов Восид дар баромади худ қайд кард, ки ҷасорату мардонагӣ ва ватандӯстиву хештаншиносии тоҷикон дар ин набардҳо сабақомӯз аст ва ҳифзи ободиву осудагӣ бояд шиори имрӯзаи мо бошад.

Дар идома донишҷӯёни факултет қисмати бадеӣ-фарҳангии барномаро пешкашӣ ҳозирин намуданд.

Дастаи ҳаваскорони факултет бо қироити шеру тарона ва сароидани сурудҳо дар васфи Иди Ғалаба чорабиниро боз ҳам ҷолибтар намуданд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ