Таҷлили бошукуҳи Наврӯз дар донишгоҳ: аз чорабинии тантанавӣ то озмунҳои гуногун
Чорабинии тантанавии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба муносибати Наврӯзи байналмилал доир гардид. Субҳи 19 март саҳни бинои таълимии №1 фазову симои наврӯзӣ дошт. Устодону донишҷӯён бо либоси милливу идона ва бо табъи наврӯзӣ аз Наврӯз мутантан истиқбол кардад. Хаймаҳои наврӯзӣ, ки инъикоскунандаи мазмуну моҳият ва ҷавҳари аслии Наврӯзи байналмилал буд, ба чорабинӣ шукуҳи бештар бахшиданд. Маҳсули дастони ҳунармандони асил, таомҳои милллии наврӯзӣ дар мисоли ҳафт син, ҳафт шин ва ҳафт мим ва анъанаҳои мардумӣ дар аҳди Наврӯз ба намоиш гузошта шуданд.
Чорабиниро иҷрокунандаи вазифаи ректори донишгоҳ профессор Раҳимов Абдуфаттоҳ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати фарорасии ин ҷашни аҷдодӣ табрик гуфт.
Мавсуф дар бораи аслу моҳияти таҷлили Наврӯз сухан намуда, аз нақшу мақоми он дар сатҳи байналмилал таъкид дошт.
“Мардуми тоҷик Наврӯзро давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун яке аз ойинҳои беҳтарини миллӣ аз насл ба насл ба мерос гузошта, анъанаҳоиҷашнии онро то замони мо бегазанд расонидаанд. Ҷавҳари таърихиву фарҳангии ин ҷашн саодату пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардан ва парастишитабиату қадршиносиинеъматҳои он ҳидоят менамояд”- зикр намуд профессор Абдуфаттоҳ Раҳимов.
Номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ифтихори Наврӯзи байналмилал Мирзоғуфрон Ғафуров ба самъи ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров расонид.
Гуфта шуд, ки мақоми байналмилалиро касб кардани Наврӯз имкон фароҳам овард, ки мардуми олам аз фалсафаи эҳёгариву созандагӣ ва башардӯстонаи ин ҷашни бисёр қадима ҳарчи бештар огоҳ гарданд, зеро Наврӯз танҳо марбут ба қаламрави зуҳури он набуда, балки суннату анъанаҳои неки он метавонанд ҳамчун василаи ҳамзистии осоишта баҳри тамоми аҳли башар хизмат намоянд.
Дар доираи чорабинии мазкур як қатор озмунҳои ҷашнӣ ҷамъбаст гардида, ғолибон қадр шуданд.
Баромади маликаи Наврӯзӣ, озмуни “Оши палав” ва барномаи фарҳангӣ чорабиниро рангу мазмун бахшиданд.
P.s. Феълан дар тамоми сохтор ва факултетҳои донишгоҳ ҷиҳати таҷлили Наврӯзи Аҷам силсилаи чорабиниҳои фарҳангиву адабӣ идома доранд, ки тафсилоти онро дар гузоришҳои минбаъда нашр мекунем.
Маркази иттилоот ва таҳлил