Таҷлили бошукӯҳи ҷашни Сада дар Донишгоҳ

Дирӯз дар факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чорабинии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Сада бо иштироки васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Дар оғоз дар саҳни факултет гулхан, ки рамзи Сада аст, афрохта шуда, намоиши ҳунарҳои миллӣ, тухмиҳои зироатҳои полезӣ, сабзавоту меваҷот, олоти меҳнати деҳқон ва корҳои эҷодии устодону донишҷӯёни Донишгоҳ мавриди таваҷҷуҳи ишитрокдорон қарор гирифт.

Ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб чорабиниро ифтитоҳ намуда, афзуд, ки истиқлоли давлатӣ ҳамчун дастоварди бузурги миллати тоҷик ба пешрафту рушди тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ шароит фароҳам оварда, ҷиҳати таъмини тараққиёти ҷомеа заминаи мусоид гузошт. Эҳёи суннатҳои аҷдодӣ ва ҷашнҳои миллӣ, ки ба рушди фарҳанг ва таҳкими нуфузи давлат нақши муассир мегузоранд, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифта, дар ин самт чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Зикр шуд, ки ҷашни бузурги аҷдодӣ - Сада маҳз тавассути раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё гардида, имрӯз ба як маросими ҳамдиливу ваҳдати миллӣ ва тамоми сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлоламон табдил ёфтааст.

Таъкид рафт, ки Сада иди миллии халқи тоҷик буда, ҳамагонро ба оромию осоҳиштагӣ, бародарию баробарӣ, дӯстию рафоқат, ҳамдилию меҳрубонӣ ва бунёдкорию сабзгардонӣ даъват мекунад.

Баъдан намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Мухтор Толибзода суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки бо ибтикори созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иди Сада бо тамоми расму оин ва махсусиятҳояш эҳё шуд. Ғояи асосии ҷашни Сада гиромидошти нуру рӯшноӣ ва гармӣ мебошад.

Дар идома барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ аз ҷониби устодону донишҷӯёни факултети санъат манзур гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ