​Таҷлили аз Рӯзи байналмилалии оила

Дирӯз дар толори «АРТ галереяи Монӣ»-и факултети санъати тасвирӣ ва технология бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила бо ташаббуси кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ чорабинии фарҳангӣ-тарбиявӣ баргузор гардид.

Нахуст, Насиба Эшонова - Раиси иттифоқи расомони вилояти Суғд, дорандаиҷоизаи ба номи Маҳастии Хуҷандӣ, сармуаллимаи кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ иштирок доронро бамуносибати Рӯзи байналмилалии оила табрик гуфта, зикр дошт, ки оила сохтори қадимтарине дар дунё буда, нақши муҳиме дар ҷомеаи инсонӣ дорад. Нақши оила дар баркамол расидани фарзандони худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту меҳанправар басо муҳим арзёбӣ гардид.

Сипас, худи устод, профессор Салимбой Ҳасанов ба сухан баромада, афзуд, ки оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Гуфта шуд, ки оила ин иҷтимоие мебошад, ки қонуну қоидаи худро дорад ва дар ин ниҳод агар фарзандон дуруст тарбия ёбанд, пас ба халқу Ватани худ содиқона хидмат менамоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ