​Таҷлили 95 – солагии нависанда Чингиз Айтматов

Дар толори Китобхонаи илмии донишгоҳ бо ташаббуси кафедраи адабиёти рус ва хориҷаи факултети филологияи рус конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Ташаббуси мазкур ба 95 – солагии Чингиз Тореқулович Айтматов– нависандаи қирғиз ва рус, дипломат, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Қаҳрамони Ҷумҳурии Қирғизистон, Нависандаи халқии ҶШС Қирғизистон, Академики Академияи илмҳои ҶШС Қирғизистон, дорандаи Ҷоизаи Ленинӣ ва се Мукофоти давлатии СССР бахшида шуд.

Дар чорабинии мазкур роҳбари Маркази илм ва маорифи Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд “Русский дом” Мудрова Татаьяна Геннадьевна ва координатори ин марказ Сатторова Фируза Масудовна иштирок намуданд.

Декани факултет, дотсент Шаропова Раъно вобаста ба фаъолияти пурмаҳсул ва эҷодиёти пурғановати нависандаи барҷастаи қирғиз – драматург, сенарист ва публитсисити боистедод Чингиз Айтматов ибрози назар намуда, зикр дошт, ки мероси бадеии Чингиз Айтматов дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон бинобар мавҷудияти ормонҳои баланд ва арзишҳои абадӣ қадр карда мешавад.

Дар доираи кори конференсия 9 маърӯза шунида шуд.

Бо музокира ва табодули афкор доир ба ҳаёт ва осори нависанда Чингиз Айтматов конференсия ҳусни анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ