​Таҷлили 65 – солагии таъсисёбии факултети забонҳои хориҷӣ

Дар факултети забонҳои хориҷӣ. бахшида ба 90 солагии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ва 65-солагии таъсисёбии факултети забонҳои хориҷӣ чорабинии адабӣ-фарҳангӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Чорабинӣ бо садо додани гимни донишгоҳ оғоз гардид.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ба кори чорабини оғоз бахшида, доир ба таърихи таъсисёбии донишгоҳ, фаъолияти факултети забонҳои хориҷӣ ва устодони варзидаи факултет ва саҳми онҳо дар таҳияи китобҳои дарсӣ, таълиму тарбияи кадрҳои соҳибтахассус сухан ронда, иштрокдорон ба муносибати 90-солагии донишгоҳ ва 65-солагии факултет табрик намуданд. Зикр шуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки ҳарчанд бунёд ва таъсис он ба марҳилаҳои аввалини барқароркунии ҳокимияти Шўравӣ пайванд мегирад, аммо муҳимтарин дастовардҳои таърихии хешро маҳз аз файзи истиқлоли давлатӣ соҳиб гардидаанд. Бешак, таҷаддуди сохторӣ ва муҳтавои фаъолияти он дар ин давра моро водор месозад, ки онро ҳамчун маҳсули истиқлол дар шароити нави таъриҳи номзад намоем.

Сипас, дотсенти кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ Мавлуда Нематуллоева роҷеъ ба таърихи факултет, ҳаёти донишҷӯии худ ва фаъолияти кориашон дар дар ин боргоҳи илму маърифат ибрози назар намуд. Дар қисми фарҳангӣ – адабии чорабинӣ видеолавҳа аз аз таърихи факултетнамоиш дода шуд. Инчунин қироати шеърҳо бо 5 забон, суруд, рақс, монолог аз тарафи донишҷӯён иҷро карда шуд.

Дар фарҷом як қатор донишҷӯёни фаъол, ки дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангии донишгоҳ ва факултет фаъолона ширкат варзидаанд бо ифтихорномаву сипроснома қадршиносӣ карда шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ