​Таҳлил ва муҳокимаи дарсҳои тарбиявии таҷрибаомӯзон

Донишҷӯёни курси 4- уми факултети математика, ихтисоси математикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҷрибаи педагогии хешро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бомуваффақият ташкил ва гузаронида истодаанд.

Таҷрибаомӯзон дар раванди таҷрибаи педагогӣ дар баробари дарс гузаштан аз фанҳои тахассусӣ, математика ва геометрия ҳамчунин вазифаи роҳбарии синфиро дар синфҳои 8-9 ба дӯш доранд. Таҷрибаомӯзон Сироҷиддин Одинаев, Бимаърифат Юлдошева, Рустам Бердиқулов, Худоёр Дадобоев дарсҳои соатҳои тарбиявиро дар мавзуъҳои Иҷлосияи тақдирсоз, Коститутсия - саодати халқ, Тоҷикистон - Ватани азизи ман, Илмат ба амал чу ёр гардад, Ҷавонон - пайравони Пешвои миллатро хеле пурмуҳтаво таҳти сарварии роҳбар-педагок Аҳроҷон Убайдуллоев ташкил ва баргузор намуданд. Ҳамчунин пас аз анҷоми машғулият таҳлил ва муҳокимаи дарсҳои ҳамроҳи роҳбарон ва масъулини шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ба роҳ монда шуда, ба таҷрибаомӯзон баҳри боз ҳам дар сатҳи баланд ташкил намудани дарсҳо машваратҳои педаогӣ дода мешавад.

Гуфта шуд, ки донишҷӯёни факултети математика бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва худогоҳии миллӣ зимни таҷрибаи педагогӣ донишҳои назариявиашонро дар амал татбиқ намуда истодаанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ