​Таҷлил аз Рӯзи Рӯдакӣ

Имрӯз, санаи 22-юми сентябри соли 2021 дар факултети филологияи рус озмуни «Рӯдакихонӣ» доир гардид. Ин ташаббус ҷиҳати гиромидошт аз хидмати мондагори сардафтари адабиёти форсу тоҷик устод Абӯабдулло Рӯдакӣ ба роҳ монда шуд.

Донишҷӯён дар озмун фаъолона ширкат намуда, аз ашъори пурғановати шоир шеърҳо қироат намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар озмун декан, муовини декан оид ба илм ва инноватсия ва дигар устодони факулет ширкат намуда, маҳорату дониши донишҷӯёнро доварӣ карданд.

Гуфта мешавад, ки ғолибони озмун санаи 25-уми сентябр аз тарафи ҳайати ҳакамон муайян шуда, бо ифтихорнома қадр мешаванд. Интизор меравад, ки беҳтаринҳо дар бахши шаҳрии озмун ва базми идона бахшида ба Рӯзи Рудакӣ иштирок мекунанд.

Ҳамзамон, дар доираи чунин иқдом дар факултети филологияи рус таҳти унвони "Шарҳи мунатахаби ашъори Абӯабдулло Рӯдакӣ" мизи мудаввар баргузор шуд, ки дар доираи он масъалаҳои марбут ба осори шоир баррасӣ ва шарҳ ёфтанд.

Хотиррасон менамоем, ки ҷиҳати сазовор таҷлил намудан аз Рӯзи Рӯдакӣ дар факултет чорабиниҳои гуногун идома дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ