​Таҷлил аз Рӯзи Президент

Дар факултети санъати тасвирӣ ва технология бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо омӯзгорони фанни забони хориҷӣ Эрматова ва Абдувоҳидова чорабинии тарбиявӣ баргузор гардид.

Декани факултет чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Дар доираи чорабинӣ донишҷӯён асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, шеърҳо қироат карданд.

Ба донишҷӯёни фаъол ифтихорнома супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ