​Таҷлил аз ҷашни Сада

Бо ташаббуси кафедраи назария ва амалияи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ бахшида ба ҷашни Сада чорабинӣ баргузор шуд. Ин иқдомро донишҷӯёни курси чор бо роҳбарии муаллима Худойбердиева ба роҳ монданд.

Донишҷӯён доир ба таърихи ҷашни Сада маърӯза намуда, аз хусусият ва анъанаҳои ин ҷашн сухан карданд.

Гуфта шуд, ки ҷашни Сада рӯзи арҷгузорӣ ва иззату эҳтиром ниҳодан ба нуру гармӣ, рӯ овардан ба равшанӣ, рамзи меҳру муҳаббат ва дӯстиву рафоқат мебошад.

Инчунин, дар рафти чорабинӣ донишҷӯён дар бораи ҷашни Сада шеъру таронаҳо қироат намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ