​Таҷлил аз ҷашни қадимии чинӣ – ҷашни эҳтироми бузургон

Дар факултети забонҳои шарқ аз тарафи устодони Ҷумҳурии Мардумии Чин бахшида ба ҷашни қадимии чинӣ – ҷашни эҳтироми бузургон чорабинӣ гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур директори Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи Кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ҷаноби Рен Гентян, декани факултети забонҳои шарқ дотсент Раҳимов Ислом, мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ дотсент Қосимова Марҳабо, муаллимаи кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ хонум Янг Десия, муаллими Донишкадаи Конфутсий ҷаноби Би Вэй иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ муаллимаи кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ Янг Десия дар бораи таърихи пайдоиши ҷашни эҳтироми бузургон ва дар давраи муосир барои ҳозирон маълумот дод. Устоди Донишкадаи Конфутсий ҷаноби Би Вей дар бораи манфиати омӯзиши забони чинӣ дар ҳаёт ва ҷомеа маърӯза намуд. Барои донишҷӯён маълумот дар бораи бо кадом услуб омӯхтани забон, дар ёд доштани навиштану хондани иероглифҳо, дар бораи имтиҳони байналхалқии дараҷаи донистани забони чинӣ ва дар интиҳо дар бораи барномаҳои стипендиавии давлатии Ҳукумати Чин ва стипендияи Донишкадаи Конфутсий манзур гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ