​Тақсимоти пешакии мутахассисони ҷавон

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тибқи фармоиши ректори донишгоҳ тақсимоти пешакии мутахассисони ҷавон доир гардид. Ин ташаббус давоми як ҳафта давом карда, дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон № 114 аз 01.02.2023 “Дар бораи тақсимоти мутахассисони ҷавон дар соли 2023”, дар асоси “Низомномаи тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон”, тибқи моддаи 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикитон “Дар бораи маориф” барои ихтисосҳои омӯзгорӣ ва ғайриомӯзгории шакли таҳсилашон буҷавӣ роҳандозӣ гардид.

Мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ, дотсент Пӯлотов Назирҷон хатмкунандагонро бо талаботи Тартиби тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2022, №563 “Дар бораи Тартиби баргардонидани маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тайёр кардани мутахассисон харҷ шудаанд” шинос намуда, ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва оқибатҳои риоя накардани санадҳои зикргардидаро шарҳ дод.

Зикр карда шуд, ки тақсимоти ниҳоии мутахассиони ҷавони донишгоҳ санаи 15 майи соли 2023 бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоту раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки ба мутахассис ниёз доранд, бо назардошти тибқи эҳтиёҷоти муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳӣ ба роҳ монда мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ