​Тақсимоти ниҳоии мутахассисони ҷавон

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати тақсимоти ниҳоии мутахассисони ҷавон мулоқот сурат гирифт, ки дар кори он сармутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Садафмоҳ, сардориРаёсати маорифи вилояти Суғд Набизода Мадина, мудирону сардорони раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси 18 шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии вилояти Суғд иштирок намуданд.

Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Усмонзода Аюб Ислом мулоқотро ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмононро хайрамақдам ва хамкунандагонро ба муносибати хатми муваффақонаи донишгоҳ табрик гуфт.

Сармутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Садафмоҳ оид ба ҷойи кор таъмин намудан ва имтиёзҳои мутахассисони ҷавон баромад намуд.

Таъкид гардид, ки тақсимот ва ба кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон, ки тариқи гурӯҳҳои буҷавӣ донишгоҳро хатм менамоянд, тибқи Низомнома ва дигар санадҳои меёърию ҳуҳуқии дахлдори соҳаи маориф ва илми кишвар ба роҳ монда мешавад.

Барои хатмкунандагон банди 2-юми Қарори Мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон,таҳти №18/4 аз 31.10.2013 «Оид ба натиҷаи ба ҷои кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавони равияҳои омўзгорӣ ва бартараф кардани норасогии кадрҳои омўзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумиии ҷумҳурӣ» шарҳ дода шуд.

Хотиррасон менамоем, ки барои донишҷўён-хатмкунандагони ихтисосҳои омӯзгории донишгоҳ “Низомномаи тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон ва дастурамал оид ба додани диплом бахатмкунандагоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ таҳсил карданд” дар раванди тақимоти пешакӣ ба таври ройгондастрас шуда, аз тарафи кормандони шуъба хатмкунандагон бо талаботи тартибитақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиби баргардонидани маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тайёр кардани мутахассисон харҷ шудаанд” шинос шуданд.

Хотиррасон менамоем, ки соли хониши ҷорӣ шуъбаи рӯзонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро 1419 нафархатм менамоянд, ки аз онҳо 565 нафарихтисоси омўзгориро тариқи буҷавӣ таҳсил карда истодаанд. Аз теъдоди умумии хатмкунандагони ихтисоси омӯзгорӣ 148 нафар тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии хатм намуда, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №428 аз 02.07.2015 пас аз хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба ҳамон шаҳру ноҳияҳое, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳхат ба таҳсил дар муасисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтанд, ба кор сафарбар мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ