​Такмили маҳорати забономӯзӣ

Беҳдошти сифати таълим аз ҳадафҳои муҳимиба ҳисоб рафта, дар иртибот ба ин ташкил ва баргузории дарсҳои кушоди намунавӣ аз ҷониби устодони донишгоҳ дар раванди густариши таҳсилот баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён заминаи мусоид фароҳа оварда шудааст. Дар ин замина дар факултети забонҳои хориҷӣ дарси кушоди омӯзгори кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ Ситора Раҷабова дар мавзӯи “Past Indefinite Tense” гузаронида шуд.

Раванди машғулият пурра ба забони англисӣ ҷараён гирифт, ки барои фароҳам овардани муҳити забонӣ равона карда шуда буд. Дар раванди дарс омӯзгор аз усулҳои муосири таълим, усулҳои интерактивӣ, коммуникативӣ ва технологияи муосир фаровон истифода намуд. Ҳамчунин Ситора Раҷабова дар машғулият тавассути бозиҳои таълимӣ, ки ба мавзӯи дарс рабт доштанд истифода карда, моҳиятиу мундариҷаи мавзӯро шарҳу тавзеҳ дод.

Машқҳои истифодашуда фаъолияти андешаронӣ ва муоширатии донишҷӯёнро талаб мекард, ки он низ самаранок иҷро шуд.

Донишҷӯён дар раванди дарс хеле фаъол буда, маҳорати забондонии хешро нишон доданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ