​Такмили маҳорати омӯзгорӣ

Тӯли як ҳафта аст, ки донишҷӯёни курси 3 ихтисоси физикаи факултети физикаю техника дар муассисаи таълимии №22 - и шаҳри Хуҷанд таҷрибаи омӯзгориро гузаронида истодаанд. Таҷрибаи омӯзгорӣ ба донишҷӯ имконият медиҳад, ки маҳорат ва дараҷаи тайёрии худро дар фаъолияти мустақили омӯзгорӣ амалан санҷанд.

Аз рӯзҳои аввал баъди ташкил ва гузаронидани суҳбату вохӯриҳо бо маъмурияти муассисаҳои таълимӣ донишҷўён дар МТМУ №22 фаъолияти худро тибқи низомнома ташкил карда, қоидаҳои тартиботи дохилиро дар муассиса пурра риоя ва корҳои таълимӣ ва тарбиявиро иҷро намуда истодаанд.Дар ин ҳафта “Гӯшаи таҷрибаомӯзон” аз рӯи нишондодҳои мушовиронмураттаб карда шуд.

Ҳамаи донишҷӯёни ба синфҳои вобасташудаашон фаъолияташонро ба роҳ монда, ба ҳайси омӯзгори фанни физика ва роҳбари синф пеш бурда истодаанд.

Инчунин бо мақсади шиносоӣ бо методҳои таълим ва психологияи хонандагонбештар ба дарсҳои омӯзгорони пуртаҷрибаи муассиса иштирок намуда, таҷрибаи пешқадами онҳороомӯхта истодаанд.Донишҷӯён то қадри имкон бо маҳорату малакаҳои ин касб амалан шинос гардида, ҳамзамонба мустақилона гузаронидани дарсҳо оғоз намуданд.

Барои ба таҷрибаомӯзон ёрии методӣ расонидан мушовирон аз ихтисос ва намояндагони шӯъбаи таҷрибаомӯзӣ ба муассисаи таълимӣ мунтазам ташриф оварда, ба таҷрибаомӯзон оиди дар сатҳи баланд гузаронидани давраи таҷрибаомӯзӣ ва машғулиятҳои таълимӣ маслиҳатҳои муфид медиҳанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ