​Такмили малакаю маҳорати педагогӣ

Санаи 7-феврали соли 2022 дар факултет таҳсилоти ғоибона конференсияи таҷрибаи омӯзгории донишҷӯёни курсҳои 3–юми ҳамаи ихтисосҳо баргузор гардид. Номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Турдимурод Аҳлиллоев ҳозиринро хайрамақдам гуфта, дар баромади хеш иброз дошт, ки таҷрибаомӯзӣ яке аз рукнҳои муҳими омода кардани кадрҳои соҳибтахассус ба ҳисоб меравад. Ҳар қадар ки дар мактаб таҷрибаомӯзӣ дар сатҳи баланд ташкил гардад, ҳамон қадар заминаи малакаву маҳорати омӯзгорӣ устувор мешавад.

Сипас, дотсентон Файзулло Баҳриев ва Абдураҳмон Раҳимов оид ба тарҳрезии дарс дар таълими салоҳиятнокӣ, хусусиятҳои педагогию психологии тайёрии омӯзгор ба дарс, нақши корҳои тарбиявии роҳбари синф ва усулҳои фаъоли таълим дар ҷараёни дарс ва корҳои беруназсинфӣ ибрози назар намуданд. Зикр гардид, ки таҷрибаомӯзии педагогӣ қисми таркибии нақшаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ буда, он ба таҳкими донишҳои азбаркардаи донишҷӯён дар раванди таҳсил ва такмили малакаю маҳорати амалӣ дар касби интихобкарда равона гардида, бо мақсади аз ҷониби донишҷӯён аз худ кардани касби омӯзгорӣ, нишон додани таҷрибаи пешрафта ва истифодаи он дар корҳои таълимӣ, ҳамзамон дар ниҳоди онҳо тарбия намудани ҳисси муҳаббат нисбат ба касби омӯзгорӣ ташкил ва баргузор мегардад.

Дар охир миёни иштирокчиён суолу ҷавоб сурат гирифт, ки устодон Аҳлиллоев Турдимурод, Неъматова Муқаддас ва Абдураҳмон Раҳимов ба саволҳои пешниҳодгардида посухҳои мушаххас доданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ