​Таҳкими саводи техникии омӯзгорон

Ҷиҳати таҳкими саводи техникии омӯзгорон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров машғулиятҳои омӯзишӣ ба роҳ монда шуданд. Ин иқдомро масъулини шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти раёсати донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо кафедраи умумидонишгоҳии информатика ба роҳ монданд.

Иттилоъ дода шуд, ки машғулиятҳо имрӯз, яъне санаи 17 –уми январ оғоз гардида, дар доираи он ба омӯзгорон усулҳои насби барномаи тахтаи интерактивӣ, имкониятҳои истифодаи равзанаиWhiteboard, танзим ва илова намудани мавод ва таҳияи муаррифии фаннӣ бо истифода аз технологияи муосир омӯзонида мешавад.

Маврид ба таъкид аст, ки машғулиятҳо вобаста ба равия ва ихтисосҳои факултет ба роҳ монда шуда, баланд бардоштани маҳорати омӯзгорон ва таъмини сифати таълим дар меҳвариин тадбир қарор дорад.

Хотиррасон менамоем, ки раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади таъмини рушд ва пешрафти самти таълим мунтазам ибтикор намуда, ба хотири такмили маҳорат ва малакаи педагогии омӯзгорон вобаста ба талаботҳои ҷомеаи муосир пайваста тадбирҳои судманд роҳандозӣ мекунад.

Интизор меравад, ки машғулиятҳо оид ба омӯзиши истифодаи тахтаи электронӣ дар тамоми факултетҳои донишгоҳ то санаи 20 январ идома хоҳанд ёфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ