Таҳкими сатҳи маълумотнокии донишҷӯён

Донишҷӯёну магистрантон ва омӯзгорони факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ аз Осорхонаи ҷумҳуриявии Бобоҷон Ғафуров дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан намуданд. Ин ташаббус ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров ба роҳ монда шуд.

Ёдовар мешавем, ки Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров ба ҳаёт ва фаъолияти ходими барҷастаи давлатӣ ва олими намоёни халқи тоҷик академик Бобоҷон Ғафуров бахшида шудааст. Осорхона дар асоси стандартҳои байналмилалӣ бунёд гардида, соли 1998 дар арафаи 90-солагии бузургдошти академик Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ шудааст.

Ҳадаф аз ин иқдом баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маълумотнокии донишҷӯён маҳсуб меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ