​Таҳкими робитаҳои байналмилалӣ бо Донишгоҳи давлатии педагогии Алтай

Таҳкими робитаҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолиятидонишгоҳмаҳсуб меёбад. Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар асноди ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои байналмилалӣ фаъолияти худро ба роҳ монда ҳамасола баҳри тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо донишгоҳҳову донишкадаҳои бонуфузи дунё чораҳои муҳимеро роҳандозӣ менамояд.

Дар робита ба ин дирӯз ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб бо ректори Донишгоҳи давлатии педагогии Алтай – ЛазаренкоИрина Рудолфовна ва муовини ректор оид ба рушд ва рақамикунонии донишгоҳи номбурда Кайгородов Евгений Викторовичро мулоқот анҷод дод. Дар мулоқот масъалаҳои густариши робитаҳо ва ҳамкориҳои судманд дар самти илму таълим ва роибтаҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ба рушду густариши бештари муносибатҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнидонишгоҳӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намданд.

Гуфта шуд, ки феълан донишгоҳ бо зиёда аз 100 муассисаҳои олӣ ва олии касбии ватаниву хориҷӣ ҳамкориҳои илмиву таълимӣ ва мубодилавию фарҳангироба роҳ монда, донишгоҳро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудааст. Яке аз муассисаҳои ҳамкор ин Донишгоҳи давлатии педагогии Алтаймебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ