Таҳкими равобити байналмилалии донишгоҳ

Байни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишкадаи забонҳои хориҷии Самарқанд созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Ин ташаббус дар доираи иштироки намояндагони донишгоҳ дар конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Асосҳои лингводидактикӣ ва инноватсионии омӯзиши забонҳои хориҷӣ”, ки бо иқдоми Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Макасарскии Индонезия, Сафоратхонаи ИМА дар Ӯзбекистон ва Донишгоҳи омӯзгории Ярославскии Федератсияи Русия баргузор гардид, амалӣ шуд.

Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмиллалии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дотсент Рухсора Давлатзода зимни мулоқот бо ректори Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд - профессор Тухтасинов Илҳомҷон доир ба таҳкими ҳамкориҳо сухан намуда, зикр дошт, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамеша ҷонибдори густариши ҳамкорӣ буда, дар ин самт тамоми тадбирҳои заруриро анҷом медиҳад.

Ҷонибҳо ба тафоҳум расиданд, ки дар асоси созишномаи ҳамкорӣ рушди робитаҳои илмӣ-инноватсионӣ, фарҳангӣ, инчунин таъмини табодули таҷрибаро миёни кормандону донишҷӯён ба роҳ монда, дар самти ташкили чорабиниҳои муштарак иқдом менамоянд.

Маврид ба зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров феълан бо 100 муассисаҳои олӣ ва олии касбии ватаниву хориҷӣ ҳамкориҳои илмиву таълимӣ ва мубодилавию фарҳангиро ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини таҳкими равобити судманд ҳамеша омода аст.

Хотиррасон мекунем, ки ҳафтаи гузашта як гуруҳ намояндагони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ дотсент Рухсора Давлатзода дар ҳайати мудири шуъбаи робитаҳои байналмиллалӣ Мирсаминова Гузалхон ва сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмиллалӣ Истамқулов Ҷамшедҷон ҷиҳати иштирок дар конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ ба шаҳри Самарқанд сафар доштанд, ки дар доираи он ҷиҳати таҳкими равобити ҷонибҳо заминаи мусоид фароҳам шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ