​Таҳкими равобити байналмилалӣ

Як гуруҳ намондагони донишгоҳҳои Федератсияи Россия, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Сургут, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Сургут, Донишгоҳи давлатии Нижневартовск ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварданд. Масъулинро ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ба ҳузур пазируфт.

Ҳадаф аз ин ташаббус баррасии заминаҳои таҳкими муносибатҳои ҳамкорӣ ва таъмини густариши робитаи ҷонибҳо унвон мешавад.

Ректори донишгоҳ проффесор Усмонзода Аюб зимни мулоқот таъкид дошт, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои хориҷа, бахусус муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия ҳавасманд буда, дар ин самт аз тамоми имконият истифода ва тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мекунад.

Гуфта шуд, ки мусоидат ба рушди муносибатҳои байналмилалӣ имкон фароҳам меорад, ки ҷонибҳо дар самтҳои мухталифи фаъолият табодули таҷриба намуда, ҷиҳати ба роҳ мондани иқдому ташаббуси судманд дар якҷоягӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар идома миёни ҷонибҳо меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ҳамакнун дар самти равобити байнламилалии донишгоҳ марҳилаи тозаро оғоз бахшид.

Хотиррасон менамоем, ки феълан Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҷмӯан бо 50 донишгоҳи хориҷи дуру наздик ва муассисаи илмӣ - тадқиқотии бурунмарзӣ ҳамкорӣ намуда, ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти донишгоҳ дар самти таҳкими равобити байналмилалӣ мунтазам ибтикори заруриву судманд ба роҳ монда мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ