​Таҳқими раванди таҷрибаомӯзӣ

Шуруъ аз санаи 3 октябр таҷрибаомӯзии педагогии донишҷӯёни шуъбаи фосилавӣ оғоз гардид. Дар доираи ин иқдом донишҷӯёни факултети таърих ва ҳуқуқ дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати таҷрибаомӯзӣ сафарбар гардиданд.

Таҷрибаомӯзон бо раванди таълимӣ-тарбиявӣ дар мактаб, методи кори омӯзгори фаннӣ, вазифаҳои роҳбари синф шинос шуда, дар як вақт дар асоси нақшаи ҳафтаинаи фардӣ дарсҳоро аз фанни таърихи халқи тоҷик, таърихи умумӣ, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон гузаронида истодаанд.

Донишҷӯён-таҷрибаомӯзон дар дарсҳои худ аз усулҳои фаъоли таълим истифода доранд.

Роҳбарон-мушовирон бо ҳамроҳии омӯзгорони фанни таърих ва ҳуқуқ ба дарсҳои таҷрибаомӯзон иштирок намуда, ба донишҷӯён маслиҳат манзур мекунанд.

Ҳадаф аз таҷрибаомӯзӣ мустаҳкамкунии донишҳои назариявӣ аз фанҳои тахассусии таърихи халқи тоҷик, таърихи умумӣ, методика, педагогика ва психология, ташаккул додани малака ва маҳорати педагогӣ, ба даст овардани лаёқат ва истеъдоди ташкилу баргузории корҳои беруназсинфӣ, иштирок дар корҳои ҷамъиятии мактаб унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ