​Таҳкими маърифати оиладории донишҷӯён

Дар факултети математика таҳти унвони “Маърифати оиладорӣ” мулоқот доир шуд. Дар кори мулоқот равоншинос Темурова Мастура иштирок намуд.

Дар вохӯрии мазкур ба донишҷӯдухтарони факултет доир ба мавзуи оила, одоби инсонӣ, хушбахтии оилавӣ, тарбияи миллӣ, ватандӯстӣ, ташкили оилаи солим, хушунати хонаводагӣ суҳбат доир шуд.

Таъкид гардид, ки омода набудан ба оиладорӣ, набудани маълумоти касбӣ, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, огоҳ набудан аз ҳуқуқҳои худ ва надоштани одоби муошират барои зӯроварӣ ва хушунат дар хонавода замина муҳайё мекунад.

Ҳадаф аз ин мулоқот баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва оиладории ҷавондухтарон унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ