​Таҳкими маҳорати ҳарбии донишҷӯён

Дар қисми ҳарбии 07746 воқеъ дар шаҳраки Чорухдарон бо иштироки устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров машқҳои ҳарбӣ-саҳроии амалӣ оғоз шуданд.

Ташаббуси мазкур идомаи тадбирҳои қаблӣ дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон буда, ҳадаф аз он таҳкими маҳорати ҳарбии устодону донишҷӯён унвон мешавад.

Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Усмонзода Аюб Ислом аз ҷараёни машқҳои устодону донишҷӯён дар қисми ҳарбии 07746 боздид намуда, ҷиҳати самаранок ба роҳ мондани машқҳои ҳарбӣ маслиҳатҳои муфид дод.

Маврид ба зикр аст, ки ташаббуси мазкур бо ҷалби омӯзгорон ва донишҷӯёни курсҳои 3, 4 ва 5 факултети тарбияи ҷисмонӣ сурат гирифт.

Маврид ба зикр аст, ки машқҳои мазкур таҳти роҳбарии омӯзгорон - афсарон ба роҳ монда шуда, дар он 124 нафар донишҷӯёни ихтисоси омодагии дифои ҳарбӣ иштирок доранд.

Интизор меравад, ки машқҳои ҳарбӣ - саҳроии мазкур то санаи 2 - юми ноябр идома хоҳад ёфт.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ