​Таҳкими дониши сиёсии донишҷӯён дар доираи фанни сиёсатшиносӣ

Донишҷӯёни соли чоруми факултети забонҳои хориҷӣ дар доираи фанни сиёсатшиносӣ мавзуъҳои лексиониро дар доираи дарси амалӣ мустаҳкам намуданд.

Дар доираи ин ташаббус донишҷӯён ба чор гуруҳ тақсим шуда, ҳар гуруҳ тибқи барномаи таълимӣ мавзуи алоҳидаро муаррифӣ карданд.

Ҳукмронии сиёсӣ, режими сиёсӣ, системаи сиёсии љомеа, демократия: назария, воќеият ва дурнамои инкишофи он мавзуъҳое буданд, ки аз ҷониби донишҷӯён баррасӣ ва муҳокима ёфтанд.

Таъкид гардид, ки омӯзиши фанни сиёсатшиносӣ ҷиҳати таҳкими саводи сиёсии донишҷӯён замина фароҳам оварда, дар самти шинос намудани ҷавонон бо ҳодисаҳова равандҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ,сарфаҳм рафтан ба равандҳои мураккаби сиёсӣ ва равияҳои идеологӣ, инкишофи тафаккури интиқодӣ ба ҳодисаҳою равандҳои сиёсӣ, инкишофи мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ, қобилияти фарқ карда тавонистани идеологияҳои гуногун, таъмини бехатарии инфиродӣ аз таҳдиҳои муосир кӯмак мерасонад.

Кори гуруҳӣ ҷиҳати мустаҳкам намудани мавзуъҳои нав мусоидат намуда, дар самти ташаккул додани фаҳмиши донишҷӯён дар бораи шаклҳои гуногуни системаҳои сиёсӣ ва режимҳои сиёсӣ, тасаввуроти илмӣ дар бораи моҳияти ҳокимият ва функсияҳои он имконият фароҳам овард.

Табодули афкор ва суолу ҷавоб миёни донишҷӯён ба самаранокии раванди дарс кӯмак расонид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ