​​Тақдир аз заҳматҳои омӯзгорон


Дирӯз дар ҷаласаи Шӯрои олимон ба омӯзгорони пешқадам ва кормандони фаъоли донишгоҳ унвон, мукофот ва ифтихорномаҳои соҳавӣ супорида шуд.

Аз ҷумла, Ҷамшед Ҷӯразода – ректори донишгоҳ, Насимҷон Ҳамробоев – мудири шуъбаи табъу нашр, Шафиев Зафар – директори нашриёти “Нури маърифат”- и донишгоҳ бо “Ифтихономаи фахрӣ” – и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмадшо Маҳмадшоев - мудири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот бо дипломи дараҷаи сеюми Озмуни Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият”, Фаридун Ҳодибоев - сардори маркази иттилоот ва таҳлил, Шарифҷон Тоҷибоев - дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷик, бо Нишони “Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Фароғат Камолова - муаллими кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ бо Нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Чорӣ Хоҷамбердиев - деканифакултети тарбияи ҷисмонӣ бо медали ҷашнии “25-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Муҳиба Комилова - муаллими кафедраи кори тиббӣ-биологӣ бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр гардиданд.

Дар идома ба сармуаллими кафедраи умумидонишгоҳии забони хориҷӣ- Ҳафизахон Атаева дипломи дараҷаи номзади илмҳои филологӣ, ки аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Русия дастрас гардида буд, дар фазои тантанавӣ супорида шуд.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ