Тақдими шаҳодатномаи такмили ихтисос барои омӯзгорони донишгоҳ
Беш аз 40 нафар омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соҳиби шаҳодатномаи такмили ихтисос аз Донишгоҳи давлатии Вятски Федератсияи Россия гардиданд. Ба ин муносибат дар толори раёсати донишгоҳ бо иштироки ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ва намояндагони Донишгоҳи давлатии Вятски Федератсияи Россия дар ҳайати муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Фомин Сергей Валерьевич ва декани факултет Фоминих Антон Анатольевич ҷамъомад доир гардид.
Маврид ба зикр аст, ки такмили ихтисоси омӯзгорони донишгоҳ дар асоси шартномаи тарафайн тариқимаҷозӣ аз ҷониби Донишгоҳи давлатии Вятски Федератсияи Россия барои зиёда аз 500 нафар устодони донишгоҳ гузаронида шуда, ҳамакнун дар вазъияти тантанавӣ ба омӯзгорон шаҳодатнома супорида шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил