​Тақдими ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба устодони донишгоҳ

Теъдоди Ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ду адад афзуд.

Доктори илмҳои таърих, профессор Набиҷон Раҳимов барои хидматҳои арзанда дар рушди илми бостоншиносӣ, аз ҷумла таълифи китоби “Арехеологическая карта Таджикистана. Согдийская область» ва номзади илмҳои техникӣ, дотсент Аҳмадҷон Домуллоҷонов ҷиҳати саҳми назаррас дар рушди илмҳои технологӣ ва таълифи китоби “Применение солнечной энергии” бо ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сарфароз гардиданд.

Хотиррасон менамоем, ки Ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати хидмати шоиста ва саҳми арзишманд дар таъмини рушди илм супорида мешавад.

P.s. Аз номи ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ устодонро ба муносибати дастоварди арзанда – ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров табрик гуфта, дар идомаи фаъолият пирӯзиҳои навин таманно дорем.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ