​Тақдими Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд

Се нафар устодони Донишгоҳи давлатии хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сарфароз шуданд.

Аз ҷумла, Нуриддинова Манзура - декани факултети иқтисодӣ, Зокиров Алиҷон - сармутахассиси раёсати таълим, Шарипов Восид - дотсенти кафедраи адабиёти рус ва хориҷӣ, Юсупов Зарифҷон - дотсенти кафедраи мудири кафедраи электроника барои хизмати тӯлонӣ дар таъмини рушди маориф бо Ифтихорнома қадр гардиданд.

Маросими тақдими Ифтихорномаҳо ба муносибати Истиқлоли давлатӣ дар толори хурди Кохи фарҳанги «Суғдиён» бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода баргузор шуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Фирдавс ҳамагонро бо фарорасии Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, таъкид намуд, ки Истиқлоли давлатӣ ганҷи бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерўбахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллии мо мебошад.

Дар вазъияти тантанавӣ ба фаъолон Ифтихорнома тақдим карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ