Тақдими диплому ифтихорнома ба як қатор устодон
Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Усмонзода Аюб Ислом ба як қатор устодони донишгоҳ диплом, шаҳодатнома ва ифтихорнома тақдим намуд.
Аз ҷумла, ба устодони донишгоҳ - Собиров Равшанҷон ва Дадоҷонов Бобоҷон дипломи дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ, ки аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, супорида шуд.
Ба муносибати 110-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик бо назардошти фаъолияти пурмаҳсули эҷодӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ номзади илмҳои филологӣ, мушовири ректор Маҳмадшоев Маҳмадшо, номзади илмҳои фалсафа, сардори маркази иттилоот ва таҳлил Ҳодибоев Фаридун, муаллими кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи факултети филологияи тоҷик Осими Орифпур, сармуҳаррири студияи телевизионии “Фурӯғ” Салимҷон Саидов ба узвияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон пазируфта шуда, шаҳодатнома супорида шуд.
Ҳамзамон, бо Ифтихорномаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи факултети филологияи тоҷик Комилов Каримбой, мудири кафедра ва Қоситова Ӯғулой, дотсенти кафедра сарфароз гардиданд.
Профессор Усмонзода Аюб устодонро бо дастовардҳои тоза табрик гуфта, барояшон дар иҷрои рисолати касбӣ, ноил гардидан ба тавфиқи арзанда ва таҳкими фаъолияти илмӣ барору пирӯзӣ таманно намуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил