Тақдими дипломҳои дараҷаи илмӣ
Дирӯз дар ҷаласаи Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ба устодон дипломҳои дараҷаи номзади илм тақдим гардид.
Аз ҷумла, ба сармуаллими кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷик Ҷамолиддин Абдукаримов дипломи дараҷаи номзади илм, ки аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Русия дастрас гардида буд ва ба сармуаллими кафедраи физикаи назариявӣ ва методикаи таълими факултети физикаю техника Пайрав Иброҳимов дипломи дараҷаи номзади илм, ки аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардида буд, дар фазои тантанавӣ супорида шуд.
Боят тазаккур дод, ки мавзӯи диссертатсияи Абдукаримов Ҷамолиддин дар мавзӯӣ “Вазъияти сиёсии Уротеппа ва Хуҷанд дар оғози садаи ХVIII то солҳои 40-уми садаи ХIХ” (Дар асаси маводи “Мунтахаб-ат-таворих”-и Муҳаммад Ҳакимхон) унвон дошта, дар рисола шарҳи умумии манбаъҳо, омӯзиши адабиёти мавҷуда оид ба мавзӯи интихобшуда, таҳлил ва омӯзиши осори Муҳаммад Ҳакимхон "Мунтахаб ат-таворих" ба муаллифи рисола имкон додааст, як марҳилаи муҳими ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии халқи тоҷикро мавриди омӯзишу баррасии амиқ қарор диҳад.
Иброҳимов Пайрав бошад дар мавзӯи «Рафтори анодӣ ва оксидшавии хӯлаи руҳ Zn0.5Al, ки бо хром, манган ва молибден ҷавҳаронида шудааст» диссертатсияро барои дараҷаи номзадии илм анҷом додааст. Мақсади таҳқиқот бо омӯзиши рафтори анодӣ ва оксидшавии хӯлаи руҳи Zn0.5Al, ки бо хром, манган ва молибден ҷавҳаронида шудааст, дар муҳитҳои гуногуни коррозионӣ ва коркарди таркиби оптималии намунаҳои хӯлаҳо, ки ба сифати рӯйпӯшҳои анодӣ ва протекторҳо барои муҳофизати маснуот, конструксияҳо ва иншооти пӯлодии карбондор аз вайроншавии коррозионӣ ва эрозионӣ тавсия мешаванд, анҷом меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил