​ТАЪИНОТ ДАР ВАЗИФАИ МУОВИНОНИ РЕКТОР

Дар асоси фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини ректор оид ба таълим доктори илмҳои педагогӣ, профессор Абдуллоева Меҳриниссо Абдуғаффоровна ва ба мансаби муовини ректор оид ба илм ва инноватсия номзади илмҳои сиёсӣ Саидзода Диловар Абдулаҳад таъин гардиданд. Тағйироти кадрӣ бо иштироки ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом, сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Наврӯз, сардори раёсати илм ва инноватсияи вазорат Ниёзӣ Сироҷиддин сурат гирифта, ба ҷомеаи меҳнатӣ муаррифӣ карда шуданд. Ёдовар мешавем, ки Абдуллоева Меҳриниссо хатмкардаи ду муассисаи таълимии бонуфуз: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон буда, аз соли 1998 то инҷониб фаъолияти худро аз омӯзгори оддӣ оғоз ва то вазифаҳои мудири кафедраи назария ва амалияи забони англисӣ ва декани факултети забонҳои хориҷии ҳамин донишгоҳ кор намудааст. Дорандаи мукофоти давлатии медали «Хидмати шоиста», муаллифи 40 китоби дарсӣ, дастурҳои таълимӣ-методӣ, беш аз 200 мақолаи илмию оммавӣ ва ифтихорномаву сипосномаҳо мебошад. Ӯ дар давраи фаъолияти худ ба донишҷӯёни хориҷии муассисаҳои таълимии Амрико, Англия, Эстония ва Белорусия ба ҳайси «Профессори даъватшуда» сабақ дода, ба раҳматномаи он мушарраф гардидааст.Саидзода Диловар Абдулаҳад хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтисоси сиёсат ва идораи давлатӣ буда, аз соли 2016 инҷониб шуруъ аз вазифаи ассистенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Данғара, то мудири кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалии факултети сиёсат ва идораи давлатӣ, муовини декан оид ба таълим ва мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ-педагогии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолият намудааст. Номбурда муаллифи дастурҳои таълимӣ-методӣ ва даҳҳо мақолаҳои илмӣ мебошад.Пас аз муаррифии кадрҳои тозатаъин ректори донишгоҳ аз фаъолияти бисёрсола ва саҳми назарраси собиқ муовинони ректор профессорон Раҳимов Абдуфаттоҳ Иброҳимович ва Сабурӣ Хайрулло Мирзозода ёдовар шуда, барои меҳнати софдилона ва анҷоми корҳои шоиста аз номи ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ изҳори сипосмандӣ баён намуд.Дар фарҷом, роҳбарияти донишгоҳ муовинони таъиншударо табрик гуфта, изҳори умед намуд, ки бо меҳнати содиқона, дарки баланди масъулиятшиносӣ ва бо истифода аз донишу малака ва таҷрибаи корӣ дар татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми ҳамасола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм мегузоранд.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ