Тағйироти кадрӣ дар донишгоҳ

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар доираи тағйироти кадрӣ як қатор устодони соҳибтаҷриба ба вазифаҳои тоза таъин гардиданд.

Ба ин муносибат дар толори раёсати донишгоҳ бо иштироки масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа сурат гирифта, кадрҳои навтаъин муаррифӣ шуданд.

Бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини ректор оид ба корҳои тарбия номзади илмҳои таърих Набиев Мирзотоҳир Сайфиддинович таъин гардид.

Ҳамзамон бо фармоиши ректори донишгоҳ дар мувофиқа бо Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон декани факултети филологияи тоҷик профессор Замира Ӯлмасова, забонҳои хориҷӣ дотсент Малоҳат Усмонова, биология ва химия дотсент Сироҷиддин Ҳакимхоҷаев, таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус дотсент Даврон Усмонов, телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ дотсент Хушбахт Нуриллоев, геоэкология ва туризм дотсент Музаффар Дадобоев ва факултети муҳандисӣ – омӯзгорӣ дотсент Муқаддас Неъматова таъин гардиданд.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом зимни суханронӣ перомуни сиёсати кадрии Пешвои муаззами миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои соҳибтахассус изҳори назар карда, сипас ба собиқ деканҳои факултетҳо барои меҳнати софдилонаву хизмати шоистаашон дар раванди таълиму тарбияи ҷавонон изҳори сипосмандӣ баён намуд.

Баъдан, кадрҳои навтаъинро табрик намуда, изҳори умед кард, ки бо ташаббускорӣ, меҳнати софдилона ва масъулиятшиносӣ ҷиҳати рушди равандҳои фаъолияти донишгоҳ хидмати шоиста анҷом дода, баҳри таҳкими нуфузи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тамоми дониш, нерӯ ва иқтидори худро равона мекунанд.

Маросими муаррифии кадрҳои навтаъин дар факултетҳои донишгоҳ низ бо иштироки ректори донишгоҳ сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ