​Тафаккури интиқодӣ: муаммо ва ҷустуҷӯ

Таҳти ин унвон бо ташаббуси шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ барои як қатор омӯзгорон бо ҷалби коршиносони варзидаи соҳа семинари омӯзишӣ роҳандозӣ гардид.

Семинари мазкур бо мақсади таҳкими тафаккури интиқодии омӯзгорон ва ба ин васила баланд бардоштани сифати таълим ташкил шуд.

Гузал Мирсаминова, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ҳадафи меҳварии семинарро барои омӯзгорон ва мутахассисони донишгоҳ омӯзонидани истифодаи метод ва принсипҳои тафаккури интиқодӣ дар доираи лексияҳо унвон намуд.

“Семинари мазкур 4 рӯз давом карда, дар доираи он ба иштирокчиён мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла “Истифодаи принсипҳои тафаккури интиқодӣ ҳангоми лексияи фанни забони тоҷикӣ”, “Роҳҳои инкишофи тафаккури интиқодӣ дар раванди омӯзонидани фанҳои гуманитарӣ”, “Ташаккули тафаккури интиқодӣ дар ҷараёнитаҳлили маводи ВАО”, “Истифодаи методҳои тафаккури интиқодӣ ҷиҳати муайян намудани маълумоти бардуруғ” ва ғайра шарҳ дода мешавад” – таъкид намуд Гузал Мирсаминова, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи семинар дар баробари тренерони касбӣ – Абдураҳим Ҷӯраев ва Содиқов Мунаввар, инчунин коршиносони варзидаи соҳа ҷалб гардидаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷараён гирифтани семинар таъсири амиқ доранд. Аз ҷумла, давоми ду рӯзи аввали семинар ба омӯзгорон журналисти саршиноси кишвар, Раиси Суғди Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Илҳом Ҷамолиён ва роҳбари мактаби омӯзишии “ҶМ” Ҷамшед Маъруф саводи расонаӣ, тафаккури интиқодӣ ва далелсанҷиро фаҳмониданд.

Интизор меравад, ки дар рӯзҳои оянда низ ба семинар мутахассисони ҳирфавии соҳа ҷалб гардида, масоили дигари марбут ба истифодаи методҳои тафаккури интиқодӣ дар раванди таълим мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Дар ҷамъбасти семинар ба иштирокчиён семинар сертификат супорида мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ