​Таҳдиди зуҳуроти номатлуб ба амнияти миллӣ

Дар факултети иқтисодӣ дар мавзӯи “Хатару таҳдиди терроризм ва экстремизм ба сулҳу субот ва амнияти миллӣ” конфронс доир гардид. Дар кори конфронс устодони факултет, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва донишҷӯён иштирок карданд.

Ҳадаф аз ин иқдом баррасии роҳҳои мубориза бо зуҳуроти номатлуб ва таҳкими дониши ҳуқуқиву сиёсии донишҷӯён унвон мешавад.

Дар доираи конференсия аз ҷониби масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маърӯзаҳо ироа гардид, ки ҷиҳати тавсеаи маълумотнокии донишҷӯён имкон фароҳам овард.

Ҳамзамон, донишҷӯён перомуни мавзӯи “Ифротгароӣ хатаре ба ҷомеа”ва “Терроризм ва экстремизм вабои аср” андешаҳои худро баён карданд.

Аз донишҷӯён даъват шуд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва суботи сиёсии мамлакат кӯшиш намоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ