​Табрикоти ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба муносибати Соли нави мелодӣ

Устодон ва донишҷӯёни азиз!

То фаро расидани соли 2021, ки дар таърихи навини давлатдориамон соли рӯйдодҳои нек ва дастовардҳои наҷиб маҳсуб меёбад, лаҳзаҳои башумор боқӣ мондааст.

Соли равон мо аз 30 – юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил намудем, ки аз ҷумлаи воқеаҳои фараҳбахшу таърихӣ унвон мешавад.

Аз файзи истиқлол ва баракоти сулҳу суботи сиёсии мамлакат дар ҳаёти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров низ давоми соли 2021 силсилаи рӯйдодҳои нек ба вуқуъ пайваста, устодону донишҷӯёни донишгоҳ ба дастовардҳои тоза ноил гардиданд.

Бомуваффақият аз аттестатсияи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштани донишгоҳ ва соҳиб гардидан ба иҷозатномаи фаъолият барои панҷ соли оянда яке аз муҳимтарин рӯйдодҳо дар соли равон маҳсуб меёбад. Табдили унвони факултети геоэкология ба геоэкология ва туризм, таъсиси кафедраҳои фарҳангшиносӣ, иттилоот ва технологияҳои робитавӣ, ихтисосҳои географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳат, санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ, ҳунарҳои халқии бадеӣ, ҳайкалтарошӣ, таъриху фарҳангшиносӣ, таъриху бостоншинос ҷиҳати омӯзиши рушди соҳаҳои мазкур иқдоми судманд мебошад, ки дар соли равон амалӣ гардиданд. Аз ҷониби дигар, гирифтани иҷозатнома барои ихтисосҳои рӯзноманигори телевизион, WЕВ–рӯзноманигорӣ, иттилоот ва робита (технологияҳои робита), танқиди бадеӣ, ихтисосҳои забонҳои муосири хориҷӣ, таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (арабӣ-фаронсавӣ), таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (форсӣ-фаронсавӣ), санъати мусиқӣ ва таҳсилоти томактабӣ, забон ва адабиёти ӯзбек (бо забонҳои русӣ ва англисӣ) низ маҳз давоми соли 2021 сурат гирифт, ки ҷиҳати таъмини пешрафти донишгоҳ қадами устувор аст.

Дар ин давра 2 нафар бо Медали хидмати шоиста, 13 нафар бо нишони сарисинагии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8 нафар бо ифтихорномаи Раиси вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, 8 нафар бо ифтихорномаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд сарфароз гардида, 38 рисолаи номзадӣ ва 4 рисолаи докторӣ ҳимоя шуданд, ки нисбат ба соли 2020 рисолаи номзадӣ 5 номгӯ ва рисолаи докторӣ 2 номгў зиёд мебошад.

Магистрантон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар Озмунҳои “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” дар даври ҷумҳуриявӣ 9 ҷои намоён, даври вилоятӣ 23 ҷои намоёнро ба даст оварда, донишгоҳ дар байни муассисаҳои олии касбии мамлакат бори аввал мақоми якумро соҳиб гардид. Дар даври ҷумҳуриявии Озмуни “Тоҷикистон - Ватани азизи ман”донишҷўи курси чоруми факултети санъат Гулноза Ғаффорӣ маҳорати баланди сарояндагӣ нишон дода, аз рўи номинатсияи сарояндагии анъанавӣ ҷои аввалро ба даст овард. Ҳамчунин дар озмунҳои “Илм фурўғи маърифат” дар даври ҷумҳуриявӣ 1 ҷои намоён ва даври вилоятӣ 21 ҷои намоён, дар Озмуни байналмилалии «Пули забони чинӣ» миёни донишҷӯёни давлатҳои Осиёи Миёна 1 ҷои намоён, Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 ҷои намоён, дар Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» 4 ҷойи намоён, озмуни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон“Донишҷӯ ва пешрафти илму техника-2021” 9 ҷои намоён, Озмуни ҷумҳуриявии “Имконияти рушди сайёҳӣ” 7 ҷои намоён сазовори донишҷӯёни донишгоҳ гардидааст.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо 50 донишгоҳи хориҷи дуру наздик ва муассисаи илмӣ - тадқиқотии бурунмарзӣ дар асоси шартномаҳои тарафайн ҳамкориро ба роҳ монда, соли 2021 - 12 шартномаи нави дигар бо донишгоҳҳои Русия, Белорусия, Қазоқистон ва Ӯзбекистонро ба имзо расонид, ки нисбат ба соли 2020 - 2 маротиба зиёд мебошад.

Дар маҷмуъ, соле, ки мо бо он хайрбод мегӯем, дар таърихи навини давлатдорӣ ва ҳам ҳаёти донишгоҳ соли таърихиву хотирмон аст.

Изҳори умед мебандем, ки соли нави 2022 низ бо музаффариятҳои тоза, дастовардҳои нодир ва воқеаҳои неку фараҳбахш соли хотирмон хоҳад шуд.

Бо чунин ниятҳои нек кулли ҳамватанон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳро ба муносибати Соли нави мелодӣ табрик гуфта, бароятон тандурустӣ, саодатмандӣ, рӯзгори обод ва файзу баракот таманно дорем.

Соли нави мелодӣ муборак!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ