Таблиғи ҳунар ва анъанаҳои миллӣ

Тибқи нақшаи баргузор намудани ҳафтаи илм дар кафедраи технология ва методикаи таълими факултети санъати тасвирӣ ва технология мизи мудавввар дар мавзӯи “Таблиғи ҳунар ва анъанаҳои миллӣ”, бо иштироки декани факултет Хайриҷон Ҷӯраева, муовинони декан ва мудирони кафедраҳо баргузор гардид.

Хайриҷон Ҷӯраева мизи мудавварро ифтитоҳ намуда, зимнан қайд намуд, ки ҳунарҳои мардумӣ яке аз самтҳои муаррифии кишвар маҳсуб мешавад.

Дар идома устодон бо маърузаҳои илмӣ баромад намуда, иброз доштанд, ки ҳунару ҳунармандӣ ба некӯаҳволии халқ, таъмини зиндагии шоистаи мардум ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон ба ҷаҳониён нақши муассир ва мондагор мегузорад.

Мавлуда Дадобоева - муовини декан оид ба илм ва инноватсия дар охир баромад намуда, иброз дошт, ки барои рушди ҳунарҳои миллӣ дар оянда низ чунин семинарҳо ташкил карда мешаванд. Зеро баргузории чунин нишастҳои илмӣ дар тарғиби ҳунар ва анъанаҳои миллӣ саҳми арзишманд хоҳанд гузошт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ