​Таъбирҳои арабӣ дар ашъори Камол

Дар факултети забонҳои шарқ, бо ташаббуси кафедраи филологияи араб маҳфили илмӣ-адабии “Ситораҳои шарқ” бахшида ба “Ҳафтаи илм” баргузор гардид, ки дар он декани факултет дотсент Исломҷон Раҳимов, муовинони декан ва мудирони кафедраҳо иштирок намуданд.

Дотсент Исломҷон Раҳимов маҳфилро ифтитоҳ намуда, афзуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба илм ҳамчун омили пешбарандаи ҷамъият ва ба олим ҳамчун сарвати бебаҳо нигариста, барои ривоҷу равнақи илм, бештар кардани шароити иҷтимоиву иқтисодии олимон тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Сипас, донишҷӯён У.Ғаффорова дар мавзӯи “Таъбирҳои арабӣ дар ашъори Камоли Хуҷандӣ”, М.Шарипова дар мавзӯи “Таъсирпазирии Саъдии Шерозӣ аз адабиёти араб” ва Т.Буховадинова дар мавзӯи “Забони арабӣ дар арсаи байналхалқӣ хосатан дар Тоҷикистон” маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа гардиданд.

Дар интиҳо мудири кафедраи филологияи араб дотсент Маърифат Анварова перомуни нақши маҳфил дар пешбурди корҳои илми эҷоди устодону донишҷӯён ибрози назар намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ