​Т ва ТИ: гӯшаи интернети бемаҳдуд (Wi-fi зона) ифтитоҳ ёфт

Дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ барои донишҷӯён гӯшаи интернети бемаҳдуд (Wi-fi зона) ифтитоҳ ёфт.

Ин ташаббус дар доираи Ёддошти ҳамкорӣ байни МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ва ҶСП “Индиго-Тоҷикистон” ба роҳ монда шуд.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ба масъулини ширкати “Индиго-Тоҷикистон” ҷиҳати ҳамкории судманд изҳори сипос намуда, омодагии раёсати донишгоҳро дар самти вусъати муносибатҳои созанда иброз дошт.

Изҳори умед шуд, ки равобити ҳамкории ҷонибҳо минбаъд низ таҳким ёфта, дар доираи он ҷиҳати тарбияи мутахассисони ҳирфаӣ ва таъмин намудани онҳо бо ҷойҳои корӣ ташаббусҳои судманд роҳандозӣ хоҳад шуд.

Маврид ба зикр аст, ки бо ифтитоҳи гӯшаи интернети бемаҳдуд (Wi-fi зона) ҳамакнун донишҷӯёни факултет бо интернети ройгон таъмин гардида, дастрасии онҳо ба гӯшаи иттилоотии факултет ва системаи иттилоотии донишгоҳ таъмин хоҳад гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ