Т ва ТИ: давраи факултетии олимпиада аз фанни технологияи иттилоотӣ

Санаи 4-уми ноябри соли 2023 дар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ бо мақсади дарёфти донишҷӯёни соҳибистеъдоду болаёқат ва ҷалби онҳо ба корҳои илмӣ – тадқиқотӣ олимпиада аз фанни технологияи иттилоотӣ баргузор гардид.

Олимпиада дар 2 давра гузаронида шуда, дар он 105 нафар донишҷӯён аз ҳамаи ихтисосҳои факултет ширкат намуданд. Шарти давраи аввали олипиада иҷроиши тест, ки бо барномаи “ЕasyQuizzy” ба намуди тестӣ гузаронида шуд. Миқдори тестҳо 20 адад буда, ба ҳар як ҷавоби дуруст 1 хол дода шуд. Донишҷӯён дар 4 лабораторияи компютерӣ шарти аввалро иҷро намуданд. Донишҷӯёни аз 15 ва зиёда хол ба даст оварда ба давраи дуюм роҳ ёфтанд.

Аз рӯи натиҷаи давраи аввал ба давраи дуюм 62 нафар донишҷӯён роҳ ёфтанд. Шарти давраи дуюми олимпиада ҳалли масъалаҳо буда ба донишҷӯён 5 масъала дар сомонаи “Olimp.ksu.tj” пешкаш карда шуда, ба ҳар як донишҷӯ логин ва рамзи мушаххас дода шуд. Масъалаҳои дар барномаи махсусӣ худсанҷишкунанда пешниҳод шуда буданд. Натиҷаҳо ба таври автоматӣ аз тарафи барнома тафтиш ва натиҷа нишон дода шуданд.

Аз рӯи натиҷаи давраи дуюм ғолибон муайян карда шуда барои иштирок дар даври донишгоҳӣ пешниҳод гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ