Шӯрои олимон: Натиҷагирӣ ва баррасии фаъолияти сохторҳои донишгоҳ

Дирӯз дар толори калони раёсат ҷаласаи Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом баргузор гардид. Тибқи рӯзномаи ҷаласа Шӯрои олимон ба кори худ шуруъ намуд.

Дар ҷаласа рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июни соли 2021, таҳти №187 дар бораи “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар кафедраҳо ва факултетҳои донишгоҳ Бахтиёр Шомирзоев - мудири шуъбаи тарбия гузориш дод. Дар гузориш перомуни корҳои анҷомдода дар ин самт мавриди муҳокима ва баррасии аъзои шӯро қарор гирифт.

Сипас, доир ба ҷамъбасти сессияи тобистонаи соли таҳсили 2021-2022 дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ (ғоибона) –и донишгоҳ Илҳом Каримов ва Саломат Бобоҷонова ҳуқуқшиноси муассиса роҷеъ ба комиссияи махсуси кории назди Шӯрои олимони донишгоҳ ҷиҳати аз гурӯҳи ғайриройгон ба гурӯҳи ройгон гузаронидани донишҷӯён ва муайян намудани имтиёз ба пардохти маблағи таҳсили муҳассилини ятиму бепарастор, маъюби дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсилкунанда гузориш ироа намуданд. Ҳамчунин, Манучеҳра Кенҷазода роҷеъ ба ҷамъбасти фаъолияти комиссияи қабул дар Коллеҷи омӯзгории Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҳисобот пешниҳод намуд. Раиси Шӯро, профессор Усмонзода Аюб Ислом бо натиҷагирӣ аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа роҳбарони сохторҳо, садорати факултет ва мудирони кафедраҳоро вазифадор намуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва дигар масоили ҷорӣ тадбирҳои судмандро амалӣ намоянд. Бо қабули қарорҳои дахлдор ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ анҷом ёфт. Маркази иттилоот ва таҳлил

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ