Шӯрои олимон: масоили баланд бардоштани сифати таълиму тадрис таҳлил шуд

Ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони донишгоҳ таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода дар толори раёсати донишгоҳ доир шуд.

Дар доираи ҷаласаи Шӯрои олимони донишоҳ тибқи рӯзнома чор масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аз ҷумла, мувофиқи масъалаи якум вазъи беҳдошти сатҳу сифат ва самаранокии раванди таълиму тадрис, корҳои таълимӣ-методӣ, тарбиявӣ, илмӣ-инноватсионӣ ва густариши робитаҳои байналмилалӣдар факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ муҳокима шуд.

Декани факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ дотсент Узоқова Гулнора перомуни сатҳи раванди таълим, дурнамо ва мушкилоти масъалаҳои мавриди матраҳ баромад намуд.

Ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода бо таҳлил ба дастоварду камбудиҳои ҷорӣ ба масъулини факултет ҷиҳати таҳкими фаъолияти судманд ва расидан ба натиҷаҳои арзишманд дастуру пешниҳодоти муфид ироа намуд.

Вазъи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраҳо ва факултетҳои донишгоҳро мудири шуъбаи тарбия Шомирзоев Бахтиёр шарҳ дод.

Номбурда бо такя ба далелу омор доир ба сатҳу сифати иҷроиши дастуроти Пешвои муаззами миллат маълумот манзур намуд.

Гуфта шуд, ки ҷиҳати татбиқи супоришоти Роҳбари олии мамлакат дар доираи Паём дар тамоми сохтор, факултет ва кафедраҳои донишгоҳ силсилаи иқдоми зарурӣ роҳандозӣ шуданд, ки натиҷаҳои судманд доранд.

Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Давлатзода Рухсора доир ба фаъолияти шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ дар самти густариши робитаҳо бо сафоратхонаҳо, консулгариҳо ва рафти иҷроиши шартномаҳои донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ гузориш дод.

Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ дар самти таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ як қатор тадбирҳои самарабахш рӯйи кор омаданд. Аз ҷумла, вазъи иҷроиши шартномаҳои донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии байналмилалӣ мавриди шарҳ қарор дода шуд.




Профессор Ҷамшед Ҷӯразода масъулинро муваззаф намуд, ки ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо ва ба роҳ мондани равобити судманд бо донишгоҳҳои олии сатҳи байналмилал аз тамоми имконият истифода бурда, дар самти густариши табодули таҷриба миёни устодони донишгоҳ чораҳои зарурӣ андешанд.

Оид ба тасдиқи нархномаи таҳсили донишҷӯён, магистрантон, аспирантон, докторантон (PhD), унвонҷӯёни тариқи шартномавӣ таҳсилкунандаи шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона, толибилмони курси тайёрӣ, истиқоматкунандагони хобгоҳҳо барои соли таҳсили 2022-2023 мудири шуъбаи таҷорат ва банақшагирӣ Файзуллоев Аъзам маълумот пешниҳод кард.

Раиси Шӯро, ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода бо натиҷагирӣ аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа роҳбарони сохторҳо, садорати факултет ва мудирони кафедраҳоро вазифадор намуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, расидан ба дастовардҳои арзанда ва таъмини фазои мусоиди таҳсилу тадрис ва дигар масъалаҳои ҷорӣ ташаббус нишон дода, бо ибтикороти навин ва иқдоми наҷибу созанда ҷиҳати пешрафти донишгоҳ корбарӣ намоянд.

Бо қабули қарорҳои дахлдор ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони донишгоҳ анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ