Шӯрои олимон: Дурнамо ва мушкилот дар раванди таълим
Дар толори раёсати донишгоҳ ҷаласаи Шӯрои олимони Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб ҷаласаро ифтитоҳ карда, ҳозиринро бо рӯзномаи он ошно сохт.
Беҳдошти сатҳу сифат ва самаранокии раванди таълиму тадрис, корҳои таълимӣ-методӣ, тарбиявӣ, илмӣ-инноватсионӣ ва густариши робитаҳои байналмилалӣ: дурнамо ва мушкилот дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус аз масъалаи баррасишавандаи Шӯро буд. Доир ба масъалаи зикршуда Раиси гурӯҳи корӣ мудири кафедраи методикаи таълими математика ва ТИ Саодат Раҷабова гузориш ироа намуд.

| Дар идома сардори раёсати таълим Сабуриён Муҳиддин Икромзода роҷеъ ба вазъи омодагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровба соли таҳсили 2022-2023 ва тасдиқи ҷадвали раванди таълими донишгоҳ барои соли таҳсили 2022-2023 дар шуъбаҳои рӯзона, таҳсилоти фосилавӣ ва магистратура маърӯза намуд. Сипас, ҳисоботи таҷрибаомӯзии педагогии курсҳои 3-юм ва 4-уми шӯъбаи рӯзона ва таҳсилоти фосилавии ихтисосҳои омӯзгорӣ дар соли хониши 2021-2022, мудири шӯъбаи таҷрибаомӯзӣ Назирҷон Пӯлотов гузориш дод. Раиси Шӯро, профессор Усмонзода Аюб баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим бо истифода аз усулҳо ва воситаҳои техникии таълим, ва дар ин замина, баланд бардоштани маҳорату малакаи устодон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. |
Маркази иттилоот ва таҳлил