​Шунавандагони курси такмили ихтисос соҳиби шаҳодатнома гардиданд

Курси такмили ихтисос барои 35 нафар омӯзгорон, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз рӯйи ихтисосҳои технологияи иттилоотӣ ва иртиботӣ санаи 9 январ оғоз ёфта буд, ҷамъбаст гардид.

Ба ин муносибат дар толори раёсати донишгоҳ бо иштироки ДиректориДонишкадаитакмилиихтисосиомӯзгорони муассисаҳои таҳсилотиолии касбииҶумҳурии Тоҷикистон назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мирзамонзода Хайрулло Мирзамон, муовини ректор оид ба корҳои таълим профессор Раҳимов Абдуфаттоҳ, мушовири ректор дотсент Маҳмадшоев Маҳмадшо ва мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон дотсент Пӯлотов Назирҷон маросими тантанавӣ доир гардида, ба шунавандагони курс шаҳодатнома супорида шуд.

Курси такмили ихтисос давоми ду ҳафта ҷараён гирифта, то 25 январи соли 2023 идома намуд. Ин иқдом бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ монда шуд.

Хотиррасон менамоем, ки курси мазкур дар доираи шартномаи ҳамкории донишгоҳ бо Донишкадаи такмили ихтисоси муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташкил гардида, ҳамасола наздик 20% аз шумораи умумии омӯзгорони донишгоҳ ба ин ташаббус ҷалб мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ