​Шумораи гирандагони медали “Хизмати Шоиста” дар донишгоҳ 5 адад зиёд шуд

Ба муносибати 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолони касбу кори гуногун барои дастовардҳои шоиста бо мукофоти давлатӣ қадр шуданд.

Маросими супоридани мукофоти давлатӣ “Хизмати шоиста” бо иштироки муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сурат гирифт.

Аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров панҷ нафар устодони донишгоҳ Ғаффорӣ Замира, - профессор, сарходими илмии Институти илмӣ-таҳқиқотии улуми ҷомеашиносӣ, Домуллоҷонов Аҳмадҷон – дотсенти кафедраи системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ, Олов Саидмаҳмад – дотсенти кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълими он, Рашидов Абдувалӣ – дотсенти кафедраи методикаи таълими математика ва технологияи иттилоотӣ, Қӯзиев Мурод – дотсенти кафедраи технология ва методикаи таълими он бо мукофоти давлатӣ, медали “Хизмати шоиста” қадр шуданд.

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мукофотҳои давлатиро супорида, изҳори боварӣ намуданд, ки мутахассисон минбаъд низ неруву тавоноии зеҳнӣ, донишу таҷриба, маҳорату малакаи худро барои пешрафти Ватани соҳибистиқлоламон равона месозанд.

P.s. Аз номи ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров устодонро ба ифтихори сазовор гардидан ба мукофоти давлатӣ самимона табрик гуфта, барояшон дар идомаи фаъолият дастовардҳои тоза таманно дорем.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ