Сулҳ омили оромию пешрафт ва тараққиёти кишвар

Таърих гувоҳ аст, ки дар тўли мўҳлати начандон калон халқи тоҷик тавонист ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардад. Шукрона аз он дорем, ки тақдири халқу миллат ба дўши абармарди фозилу доно, оқилу дурандеш Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои милллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афтодааст. Дар солҳои сарварии ў мардуми Тоҷикистон меваи соҳибдавлатиро пас аз ҳазор солчашид. Соҳибихтиёрӣ моро водор сохт, ки созандаю ободкор бошем. Ба ин нигоҳ накарда баъзе ҳизбу ҳаракатҳо бо амалҳои ғайриқонунии худ тинҷию оромии ватанамонро халалдор месозанд ва нияти сиёҳ кардани авзои сиёсии Тоҷикистонро доранд.

Барои ноил гаштан ба ин мақсади ғаразнопокашон онҳо аз номи гурўҳҳои гуногун баромад намуда, давлати тинҷу оромро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ ғўтониданд.

Дар натиҷаи ин ҷанги бемаънии бародаркуш зиёда 150000 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистонҷони худро аз даст додаанд. Мардуми зиёди қисмати ҷануби Тоҷикистон ба Афғонистони ҷангзада аз тарси ҷон ва номуси зану фарзандҳояшон фирор карданд. Хушбахтона бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои милллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурезаҳо ба Ватан баргардонида шуда, дар Тоҷикистон сулҳу субот ва оромӣ танинандоз гашт. Онҳо хабар надоранд, ки ҳоло вазъияти сиёсии Тоҷикистон ҳамчун солҳои 90-уми асри гузашта набуда, балки сокинони кишвар атрофи сарвари арзандаи худ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои милллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, ҳаёти оромонаю осудаҳолона мебаранд, ки гарави баланд шудани некўаҳволии халқи азияткашидаи тоҷик шуда истодааст. Имрўзҳо кишвари мо ба марҳилаи созандагию бунёдкорӣ далерона қадам ниҳодааст. Тоҷикистони бузург имрўз дарахти пурсамареро мемонад, ки меваҳои рангинаш мардуми бонангашродар ҷаҳон машҳур гардонидааст.

Аммо, ҳар як аъзои ҷамъияти кишвар бояд дар назар дошта бошад, ки душманони миллат аз ниятҳои ғаразноки худ ҳоло даст накашидаанд ва кўшиш доранд, ки ба ҳар роҳ байни мардум иғво андозанд. Аз ҳамин сабаб ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ дар сатҳи сиёсӣ ҳушёриро аз даст надода, бояд нагузорад, ки минбаъд ягон шахс фирефтаи доми душманони миллат дар дохил ва беруни кишвар нагардад. Ҷоиз ба қайд аст,ки Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ Созмони Миллали Муттаҳидпешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Миллал “Даҳсолаитаҳкими сулҳба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад.

Изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳалли ҳамаи муноқишшаву низоъҳо танҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломати мебошад. Таъкид карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пуштибониидоимиихудро аз татбиқиРўзномаи 2030 ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор идома медиҳанд.

Дар замони муосир, тарбияи насли ояндасоз аз мо омӯзгорон ва тарбиятгарон боз ҳам масъулияти ҷиддиро тақозо менамояд. Мо бояд ба ҳар як донишҷӯ дар самти тарбия бо алоҳидагӣ корбарӣ намуда, онҳоро дар руҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва пос доштани дастовардҳои Истиқлолияти миллиро ҳифз намудан тарбия намоем.


Д.Х. Абдуллозода н.и.и., дотсенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ